Интихоб

Раисиҷумҳур ба як хоҷагӣ дидорбинӣ меояд. Мӯйсафеди деҳқон ӯро бо як гӯсфанд пешвоз мегирад ва мегӯяд:

— Ҷаноби Олӣ! Аз ин гӯсфандҳо якеро интихоб кунед, онро барои шумо қурбонӣ мекунам.

Раис ҳайрон мемонд ва мегӯяд:

— Чӣ хел аз байни як гӯсфанд интихоб кунам?

Мӯйсафед посух медиҳад:

— Наход ки натавонед? Чӣ тавре ки мо интихоб мекунем, шумо ҳам ҳамон тавр интихоб кунед. Мо метавонем ку аз миёни якто интихоб намоем!